Азизон,

моҳи равон рӯнамои ду асари тоза эҷод кардаам тақдими шумо мегардонам.

Хушҳолам, ки ду-то аз аввалин иҷроҳои ояндаам дар шаҳри Ванкувери Конодоро барои шумо ба иштирок мегузорам. Аввалин асари банда таҳти унвони "Духтари ғоиб" бо илҳом аз ашљори Маҳмуди Дарвеш ва тақдим ба паноҳандагони замони мо дар торихи 17 ва 18 сентябр барпо мегардад:

http://turningpointensemble.ca/music-of-displacement

(линки пахши мустақим дар рӯзҳои иҷро дар веб сойт хоҳад буд)

"Pareidolia II" 

Асари ҷадиди ман барои оркестри байнулмиллии фарҳангии созҳои шарқй дар шаҳри Ванкувери Конодо дар торихи 19 сентябр аввалин намоиши худро хоҳад дошт.

https://chancentre.com/events/2022/10/
https://chancentre.com/events/vico/≠

Умедворам аҳли муҳоҷирати мо тавассути линкҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бо осори нав ва эҷодиёти камина ошноӣ пайдо мекунанд.

Бо дуруд ва эҳтиром,

Фарангис Нурулло-Хоҷа


Dear all,

I am happy to share with you two of my upcoming premieres in Vancouver: Premiere of concerto « Daughter of Absence » inspired by the poetry of Mahmoud Darwish and dedicated to the refugees of our time on the 17th-18th of September: https://turningpointensemble.ca/music-of-displacement/ ( the direct broadcast link will be on the website on the day pf performance).

« Pareidolia II » for Vancouver Inter-Cultural Orchestra of Oriental/Occidental instruments will have its premiere on the October 19th: https://chancentre.com/events/2022/10/

Sincerely,
Farangis Nurulla-Khoja

Наврӯзатон пирӯз, ҳар рӯзатон Наврӯз!





Season's Greetings 
to you and your family, and very best wishes for the New Year of 2021.

Дурудҳо дар рӯзҳои ҷашни фасли таътилот ба шумо ва хонаводаатон. Бо беҳтарин орзуҳо барои Соли Нави мелодии 2021.



Ҳар рӯзатон Наврӯз, 

Наврӯзатон пирӯз!



Дар авҷи бозгашт ва ё "Бозии бод дар соҳили сабз"

Муруре ба консарти пионунавози бузурги тоҷик 

Дилбар Ҳакимово дар авҷи эҷодиёташ, пас аз даҳ сол ба Эрон бозгашт. Дар шабе, ки шукӯҳашро намешуд пешопеш ҳадс зад, ҳамаи тавоноиҳои пештар шинохташудаашро фаротар аз марзҳои пешин бурд ва худашро дар қолаби истондордҳои тозае боз таъриф кард. Ҳакимово дар ҷойгоҳи як пионисти беш аз ҳар чиз зарофат ва идроки жарфҳои мусиқӣ дошт. Аввалӣ, дар иҷрои ахири на танҳо боқӣ, ки сатҳи тозаболида буд, махсусан дар иҷрои қитъаҳои поёнӣ, этуд ва фонетрии “Кабӯтари сулҳ” (бар асоси теми аз Мухтор Ашрафӣ)-и асари худаш. Ва дуввумӣ, низ ки тафсираш аз Шупен ва Лист ба авҷ расид, ҳамчунин. Ин ду кайфият фориғ аз шиддаташон дар ин иҷрои хоси пеш аз ин ҳам дар кори Ҳакимово шинохташуда буд он чӣ комилан тоза менамуд, дастёбии ҳамзамон ба ҳар ду ва таъодули беназире буд ки миёни онҳо дар дар лаҳза-лаҳзаҳое иҷро барқарор шуд.

Садодиҳии пионуи қадимии толори “Рӯдакӣ” зери ангуштони ӯ комилан дигаргун шуда ва яке аз беҳтарин садоҳое, ки дар солҳои ахир аз ин пиону шунидаем, шунида мешуд. Инро ҳангоме мешуд бештар дарк кард, ки навозанда сабки иҷроишро бинобар сабки қитъаҳое, ки менавохт (аз борук то румонтик) тағйир медод, яъне дар айни ҳифзи садодиҳии кулии Ҳакимовоии вориюсунӣ (вариационный) аз онро мутаносиб бо қитъа, оҳангсоз ва давраи мавриди назараш истихроҷ мекард. Авҷи ин тавоноиро мешуд дар убур аз портитҳои “Си бемол мажор”-и Бох ба “Ду парлуд ва мажор”-ҳои Шупен ва аз он ҷо то этуди “Крумотик” дар “Фо минор”-и Фронс Лист ёфт ва дар дил эътироф кард, ки ӯ дар канори ҳамнигаҳдоштани ин репертуари гуногун ва иҷрои ҳамаи онҳо дар сатҳи олӣ устод аст.

Агар то ин ҷо вижагиҳои навозандагӣ ва он чи иҷро шуд, барои мехкӯб кардани ҳамаи шунавандагони аз ғизо ағлаб мутахассис кофӣ набуд, рафта-рафта бо наздик шудан ба поёни риситол (консарт) (ба вижа дар ду қитъаи биз) пардоз баста, бозаи динамикии ба ростӣ эъҷобовари навозандагии ӯ (махсусан тавоноиаш дар иҷрои шаффоф ва хушсадои шиддатҳои фавқуллода кам), парда аз як вижагиии ин навозанда бармедошт.

Дилбар Ҳакимово пионисте аст, ки ба садои ҳамчун унсури мунфаред дар зоти худаш меандешад, онро ба ҷон мепарварад ва дар ин роҳ то марзи мӯъҷиза пеш меравад.


Орвини Садоқаткеш

(Акс аз Меҳрдоди Аминӣ)


Занги ғайримунтазираи шомгоҳӣ аз дӯст

15.11.2019

Мӯҳтарам ҷаноби д-р Фирӯзиддин Фирӯз, вазири сиҳати омма (беҳдошт/тандурустӣ)-и Афғонистон зимни як тамоси телфуниашон аз кори фарҳангие, ки дар миёни аҳли муҳоҷирати Конодо анҷом медиҳем аз Ҷомеаи тоҷикони Конодо  ва тарафдорони он изҳори хушӣ ва миннатдорӣ намуданд. 

Ҳини сӯҳбат инҷониб аз номи Ҷомеаи тоҷикони Конодо мӯҳтарам ҷаноби д-р Фирӯзро бо ҷоизаи ҷаҳонии "Беҳтарин вазири дунё дар соли 2019" табрик намуда, ба корҳои ишон муваффақият хост. Қайд шуд, ки аҳли муҳоҷирати Конодо чашм ба роҳи сулҳу осоиштагӣ дар Афғонистон аст ва омодааст кодрҳои ҷавону боғайрату баландихтисоси таҳсилкардаро барои эъмори Афғонистони навин пешниҳод намояд. Ҳамчунин инҷониб салому шодбошиҳои аҳли муҳоҷиратамонро ба раҳбарони миллат тақдим дошт.

Ҷаноби д-р Фирӯз яке аз вазирони текнократ дар ҳукумати Афғонистон буда, дар соҳаи рушди беҳдошти кишвараш кореро, ки даҳсолаҳо касе анҷом дода натавонист, ба сомон расондааст.

Мӯҳтарам ҷаноби вазир д-р Фирӯз бо даъвати расмии давлати Конодо дар пойтахти ин кишвар қарор доштанд.


Равшан Темуриён,

Раиси Ҷомеаи тоҷикони Конодо

Дӯстони ҳамтақдир, тоҷиктаборони Конодо!

Рӯзи душанбе, 21-уми октябри соли равон интихоботи федеролии кишвари азизамон Конодо баргузор мегардад. Ҳамчун асосгузор ва раҳбари ҷомеаи тоҷики Конодо аз ҳамаи Шумо, азизон, хоҳиш мекунам, дар интихоботи умумимиллии Ватанамон ширкат намуда, барои тағйирот ва дигаргуниҳои ҳаётамон овоз бидиҳед.

Тоҷикони Конодо дар ҳаёти сермиллатаи Конодои азиз саҳми хосае худро доранд. Мо, тоҷикони Конодо дар тӯли ду даҳаи охир ҳамеша муттаҳиду воҳид ва аз дигар ҳамтақдирон бо фарҳанги оливу дониши амиқу ахлоқи ҷавонмардона фарқ карда меистем. Қавли мо ҳамеша дар назди Ватани азизамон ва бузургони Конодо як буд ва ҳаст: Мақсаду мароми мо ҳамеша барои гулгулшугуфоии ҷомеаи сермиллати Конодои мо нигаронда шудаасту бас.

Мо, тоҷикони Конодо хушбахтем, ки ҳукуматамонро худамон интихоб мекунем ва касе ҳақ надорад моро маҷбур ва ё таҳдид намояд, ки ба кадом нафаре овози худро диҳем. Мо озодем. Демократияи воқеъӣ ҳамин аст! Аз ин дида чизи муҳиме барои инсон ҳаст? Вақте ки ту озод ҳастӣ, тақдири худро худат муайян месозӣ, медонӣ, ки аҳли оилаат, ҷигарбандонат орому осуда, озоду солим ҳастанд, ва ту дар кишвари демократитарини дунё зиндагӣ мекунӣ! Аз ин беш хушбахтӣ боз мешавад?

Аз ин хотир, аз ҳамаи якояки Шумо даъват мекунам, сарнавишти хешро, сарнавишти фарзандонатонро худатон ҳал намоед.
Шумо, ҳар якатон дӯстоштатарин инсон ҳастед.
Бо ҳар яки Шумо дар ин ду даҳсолаи охир роҳи пурпечу фарозеро паси сар кардем ва ин ҷомеаи обрӯманди тоҷикро дар Конодо эъмор намудем. Ҳамаатонро дастонатонро мефушурам ва бори дигар даъват мекунам, дар рӯзи 21-уми октябр ба минтақаҳои интихоботӣ ҳозир шавед ва овози худро озодона барои осудагии мову Шумо ва ояндаи дурахшони демокративу озоди мо дар Конодои биҳиштӣ рай бидиҳед.

Рӯзи интихоботи воқеъӣ муборак, бар ҳаматон тоҷикони азизам!
Озодӣ муборак!
Демократия муборак!

Бо эҳтиром,

Равшан Темуриён,
Бунёдгузор ва раҳбари
ҷомеаи тоҷикони Конодо



Наврӯзи Ҷомеаи тоҷикони Конодо

Наврӯзи Шумо ҳамватанон, бодо шод,
Ҳам зиндагиву хонаву дар бод обод.
Ҳар ҷо, ки бувед ба сафар, ё ба ватан,
Пирӯзӣ ҳамеша ба Шумо хоҳам бод.



Шабнишинии мутантани хонаводагии Ҷомеаи тоҷикони Конодо бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар қалби қитъаи Амрикои Шимолӣ дар торихи 24-уми март дар яке аз толорҳои муҷалали минтақаи Платои шаҳри Монтреал - ресторани "Браво" барпо гардид.

Ҷомеаи тоҷикони Конодо бо ифтихор эълом медорад,  хонаводаҳои тоҷик ва тоҷикистонӣ дар идгардаки Наврӯзӣ бо ҳам сарҷамъу муттаҳид гирдиҳам меоянд.

Дар Наврӯзи имсол хонаводаҳои тоҷик ва тоҷикистонии муқими шаҳрҳои Нйу Ҷерсӣ (Амрико), Оттава, Монтреали Бузург, Лавал, Броссард, Тербон, Розмер (Конодо) ва дигар ҷойҳо ҷамъ омаданд.

Барномаи ҷашнӣ бо садои "Наврӯз омад! Наврӯз омад!"-и тифлакон ва ба саҳна ворид шудани Бобои Деҳқон ва наберааш Баҳор шурӯъ шуд. Кӯдакон ва Бобои Деҳқон ҳамаи аҳли муҳоҷирати тоҷикро бо ҷашни миллии Наврӯз табрик намуданд. Сипас муҷрии ҷашни Наврӯз Илҳомҷон Давронзода барномаи идонаро ботантана ифтитоҳ намуда, суханро ба бунёдгузор ва раҳбари Ҷомеаи тоҷикони Конодо Равшан Темуриён дод. Ишон дар бораи суннатҳои ҷашни Наврӯз ва торихчаи он маълумоти мухтасаре дода, зикр кард, ки бо сабаби афзоиши нуфуси муҳоҷирати тоҷикон ва тоҷикистониён Ҷомеаи тоҷикони Конодо соли чаҳорум аст мустақилона ҷамъомадҳои хешро доир менамояд. 

Баъд намояндагон аҳли муҳоҷират ва тарафдорони Ҷомеаи тоҷикони Конодо ҷанобон Исмоилхон (аз тоҷикони Қирғизистони муқими Монтреал), Хусравбек (ба намояндагӣ аз тоҷикони Оттава), оҳангсози машҳури Конодо, Свидан ва Тоҷикистон нобиғаи мусиқии муосир Фарангис Нуруллохоҷа, хонумон Мавлуда-бону, Нигина-бону, Шаҳноз-бону, Насиба-бону, Гулрез-бону (ҳама аз иялоти Квебек) ва ба шумули ҷигарбандону наздикони нобиғаи илму фарҳанги ин миллат аз хонаводаҳои академик Султон Умаров, академик Акобир Адҳамов, устод Зиёдулло Шаҳидӣ, олими иқтисоддон Рустам Мирзоев, устод Ҷӯрабек Муродов ба сухан баромада, ҳамаи азизонро бо ҷашни зеботарини мардумамон Наврӯз табрику таҳният гуфтанд.

Узви Ҷомеаи тоҷикони Конодо Манучеҳр Окилзодаи наврас бо навохтани саксофон ҳозиринро бо Наврӯз таҳният гуфт.

Гурӯҳи "А капелла"-и Ҷомеаи тоҷикони Конодо таҳти раҳбарии д-р Саидмуҳаммад Окилзода дубайтиҳои мардуми Зарафшонро ба хониш гирифтанд. Ба гурӯҳи ҳунарӣ имсол намояндаи яҳудиёни Душанбеи муқими Монтреал, яке аз муасисони Ҷомеаи тоҷикони Конодо ҷаноби Мӯсо Суюнов ҳамроҳӣ намуданд.

Базми Наврӯзӣ бо шеърхониву бозиҳои тифлакон ва мусиқиву пойкубиҳои аҳли маҷлис то дер давом кард.

Дар тӯли 6-соатаи базми Ҷомеаи тоҷикони Конодо сурудҳои Наврӯзии овозхонони тоҷик Нигина Амонқулова, Иззат Шарифӣ, Шабнам Сурайо ва дубайтиҳои шоири номдори муҳоҷири тоҷик Абдуқодир Алавӣ таҳти унвони "Наврӯзномаҳо", ки тоза барои миллат офаридаанд, танинандоз буд. 

Наврӯз биё, ки мо саногӯи туем,
Солест, ки мо мунтазири рӯи туем,
Наврӯз! Ба мо муждаи наврӯзӣ деҳ,
То соли дигар боз дуогӯи туем.

Соли Нави 2019 муборак!


Соли 2018 ба торих мубаддал мешавад. Соли сипаришуда соли хубе барои ҷамъияти тоҷикони Конодо буд. Ҷамъият рӯ ба афзоиш аст. Сол ба сол сафи аҳли муҳоҷирати мо бузургтар мешавад. Ҷомеаи мо саҳми арзандаи хешро дар шугуфоии Конодои азизамон мегузорад. 

Бо мавҷи ахири муҳоҷирати тоҷикон ба Конодо насли ҷадиде дар хоки Конодо ба дунё омаданд. Онҳо ояндаи ҷамъияти моанд. Маъракаву ҷамъомадҳои аҳли муҳоҷират то рафт васеътар мегарданд. Иттиҳоди тоҷикони Конодо тимсоли ҳамзистӣ ва ҳамраъйии миллатамон дар Конодои дурдаст мебошад.


Бо фарорасии Соли Нави 2019, тоҷиктаборони Конодо аз марҳилаи муҳоҷиратӣ ба мақоми соҳибони ин Ватан комилан мегузаранд. Бигзор дар Соли Нав он кӯшишоту талошҳои мо дар роҳи боз ҳам таҳким бахшидани мавқеъи тоҷиктаборон дар ҷомеаи сермиллати Конодо ва дар ниҳодҳои давлатии Конодо ҳосили хубе бидиҳанд.

Барои так-таки шумо - азизон, ҳамтақдирон, тоҷикони Конодо саломатӣ, бурдборӣ ва хушбахтӣ таманно дорем. Бигзор орзуҳои ширинатон дар Конодои демократӣ, дунявӣ, инсондӯсту бечорапарвар бароварда шаванд.

Соли Нав фархунда бод!

Шӯрои раҳбарии Ҷомеаи тоҷикони Конодо  


Ҷашни Наврӯзии Ҷомеаи Тоҷикони Конодо

Имсол ҳам аҳли муҳоҷирати тоҷик дар толори шукӯҳманди тарабхонаи арманиён "Ноаҳ"-и шаҳри азизамон Монтреали Конодо, мақари нахусти бунёди Ҷомеаи ин қавм дар Конодои дурдаст гирдиҳам омаданд. 

Гурӯҳи тадорукоти маҷлиси Наврӯзии имсола дар ҳайати аъзои Шӯрои раҳбарии Ҷомеаи тоҷикони Конодо Саидмуҳаммад Оқилзода, Илҳомҷон Миробидзода, Фаридун Исрофилниё ва аҳли хонаводаҳои ишон ва дӯстони ҳамтақдир барномаи хубу пуршукӯҳи тоҷикиро дар кишвари Конодо таҳия намуданд.

Муҷрии барнома Илҳомҷон Миробидзода ба намояндагӣ аз Ҷомеаи тоҷикони Конодо зимни пазироии намояндагони аҳли муҳоҷирати тоҷикистонӣ ва тоҷикони Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳама ҳозиринро бо ҷашни Бузурги Наврӯз табрику таҳният намуд. Сипас бунёдгузор ва раҳбари Ҷомеаи Тоҷикони Конодо Равшани Темуриён аз таърихи ҷашни Наврӯз ва таҷлили он дар сарзамини Конодо сухан карда, ҳамаи аҳли хонаводаҳои тоҷикро бо Иди Бузург Айём - Наврӯзи хуҷастапай муборакбод гуфт.

Манучеҳри Оқилзода бо намояндагӣ аз мактаббачагон шеъри "Наврӯзи Тоҷикистони азиз"-ро қироат карда, шоистаи таҳсини ҳозирин гашт.

Баъд, намояндагони аҳли муҳоҷират Мавлуда-бону, Ҳусния-бону, Мавҷигул-бону, Зебо-бону, ҷанобон Исмоил, Рустамбек ва дигарон ҳамватанонро бо ҷашни Наврӯзи дилафрӯз табрик намуданд.

Сипас бо ташаббус ва ширкати гурӯҳи ҳунарӣ таҳти сарварии Саидмуҳаммад Оқилзода барномаи вижаи ҳунарӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи миллат ба намоиш гузошта шуд, ки дар он фарзандону волидайни ишон фаъолона ширкат намуданд.

Ороиши толор ва дастархони Наврӯзӣ аз тарафи хонаводаҳои Ҷомеаи тоҷикони Конодо пуршукӯҳу ҷашнӣ таҳия шуда буд.

Шумораи аҳли муҳоҷирати тоҷик сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Соли оянда созмони аҳли муҳоҷират тасмим дорад макони бузургтареро барои ҷашни Наврӯзи дилафрӯз интихоб намояд.

Имсол хонаводаҳои тоҷикистонӣ ва тоҷикони дигар манотиқ Наврӯзи дилафрӯзро дар шаҳрҳои бузурги Конодо Монтреал, Торонто, Эдмонтон, Калгарӣ ва Ванкувер таҷлил карданд.

Ҳамаи суратҳои базми тоҷикистониёни Канада >>>

Pictures of the New Year Party of Tajikistanis of Canada >>>

--------------------------------------------------------------------------------------------------


Эълони мо

Ширкати кӯҳансолтарини тарҷумонии "Кэлинӣ" дар шаҳри азизамон Монтреали Конодо дар хидмати аҳли муҳоҷирати тоҷик.

Тарҷумаи ҳама ҳуҷҷатҳои расмӣ аз забони тоҷикӣ ба инглисӣ ва аз инглисӣ ба тоҷикӣ ва ҳамроҳии муштариён дар маҳкамаву пулис ва макони зарурӣ.
CONTACT

KELENY

The Keleny Translation Company is located in the City of Montreal, Quebec, Canada.

Keleny Translation Company
440 Saint Antoine Street East (between St. Denis and Berri)
Montreal, Quebec, Canada
H2Y 1A5 

We can be reached at:
Phone : (514) 845-3111
Fax : (514) 845-3006
E-mail : traduction@keleny.com

Website: https://www.keleny.com/en

Our regular office hours are: Monday to Friday, 9:00 a.m. to 6:00 p.m.


We offer 24-hour on-call emergency assistance: (514) 845-3111

Сомонаи Ҷомеаи тоҷикони Канада

Ҷомеаи тоҷикони Канада созмони фарҳангист. Мақсади анҷумани мо дар миёни фарҳанги бисёрмиллати Конодо ҷои сазовор додани фарҳанги волои тоҷикон буда, дар баробари ин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллии тоҷикон мебошад. Ҷомеаи мо сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Вақте ки ин сомона арзи вуҷуд намуда буд, он расман бо номи Анҷумани тоҷикони Канада рӯ ба фаъолият сар карда буд. Он вақт мо кӯшиш кардем, ки тоҷиктаборони Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбакистонро муттаҳид созем. Аммо баъзе аз дӯстони ғайритоҷикистонии мо афкори мухталиф дар ин бобат ва ҳатто иддае аз вожаи "тоҷик" доштани номи анҷуман дар миёни созмонҳои афғонӣ дар ҳолати номуайянӣ қарор гирифта буданд. Аммо ба ин гурӯҳ нигоҳ накарда, тӯли ин солҳо анҷумани тоҷикон дар миёни анҷуманҳои миллию фарҳангии Канада эътироф шуд ва мавқеъи хоси худро пайдо кард. Аз моҳи марти соли 2014 сомонаи ҷомеаи тоҷикони Канада фақат марбут ба ҷамъияти тоҷикистонии Канада ва чанде дӯстони тоҷику форсизабонони Ӯзбакистон, Афғонистон, Русия, Исроил ва дигар кишварҳост, ки дар қаламрави Канада зиндагӣ мекунанд ва розӣ ҳастанд таҳти парчами Тоҷикистон ва Канада бо мо якҷо бошанд. Ҷомеаи тоҷикони Канада аслан инъикосдиҳандаи рӯҳу афкори тарафдоронаш: тоҷиктаборон ва тоҷикистониёни муқими Канада буда, бо ягон ниҳоде дар Тоҷикистон ё дигар кишваре тобеъ ва ё пойбанд нест. 

Сомонаи ҷомеаи тоҷикони Канада ба озодии сухан арҷ мегузорад ва ҳама гуна афкори солимро ба нашр медиҳад. 

Мамнун аз ҳамкориҳоятон бо ҷомеаи тоҷикони Канада, аввалин ташкилоти тоҷиктаборони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар қаламрави давлати Канада.

Бо эҳтиром, 

Бунёдгузор ва раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада,

Равшан Темуриён

 Муъмин Каноат | Душанбе, Точикистон

 БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб, 
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ. 
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб, 
Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ. 
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо, 
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ. 
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо, 
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ. 
Баҳри ман танҳо забони модарист, 
Ҳамчу шири модар аст, 
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест нест, 
Чунки меҳри модар аст. 
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам, 
Дӯст медорам варо, 
Чун навозишҳои гарми модарам, 
Дӯст медорам варо. 
(1963)

Prof. Michael Barry of Princeton University: Ahmad Shah Massoud is a philosopher king in history

"Massoud's personal mysticism led him to fight without hatred, bitterness, or spirit of revenge, regarding armed conflict only as an imposed and necessary evil in order to defend his people's freedom, certainly not as an end in itself to be enjoyed as bloodlust or intoxication with power. He always provided protection for humanitarian relief in the most difficult and dangerous circumstances, looked for reconciliation with defeated enemies, and invariably treated his war prisoners with humanity and dignity. To this I was witness ... Such moral integrity in the midst of warfare ranks Massoud as one of the very few « philosopher kings » in history, that is, men who have been forced to wage war so as to protect their nation and people, but who detested war in itself and sought no personal political gain".

Prof. Michael Barry of Princeton University: Thoughts on Commander Massoud 

Сафар Абдуллоҳ: Устод Шакурӣ чеҳраи миллӣ ва фарди истисноии миллат...

"Устод Шакурӣ ва афроди дигаре, ки аз шаҳрҳои торихии тоҷикон ба Душанбе омада буданд, хотираи шаҳрнишинии ниёкони хешро дар дилу ҷони худ пинҳон намуда, ба рустои Душанбе оварда буданд, ва орзу доштанд, ки рӯҳи фарҳангии шаҳрҳои аз даст рафтаи тоҷиконро дар пайкари Душанбе бидаманд ва аз ин русто шаҳре бисозанд, ки сазовори ному фарҳангу тамаддуни дерини бумиён ва шаҳрнишинони мантақа бошад…

Онҳо буданд, ки бо ҳамаи шикасту микастҳои фоҷиабор тавонистаанд, забони форсиро дар «лақайзорони» он рӯзгор низ ҷорӣ кунанд ва бо иттако ба мероси гаронсанги ниёкон забони моро аз марг наҷот диҳанд. Сарҳалқаи ин бузургон устод Айнӣ буд ва бузургтарин ва сарсупурдатарин касе, ки барои андешаи миллӣ то охир ҷон коҳид, устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ буд…"

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ: Забонро дар Тоҷикистон хор кардаанд...

"Забони тоҷикӣ асолати худро гум кардааст. Ҳатто вақте вазоратҳо меравед забонашон хароб аст, ба телевизионҳо назар афканем чунин норасоӣ дида мешавад. Сабаб дар он аст, ки мардуми аз деҳот ба шаҳр омада худашро ба шаҳр мутобиқ карда натавонистааст. Имрӯз мардум аз кадом деҳоту навоҳие, ки омадааст, лаҳчаи худро истифода мебаранд. Ман як таклифи сахт дорам, ки дар Душанбе барои ҳалли ин мушкилот курсҳои маҳви бесаводӣ ташкил гардад. Дар ҳар як идора чунин курсҳои ташаккули забон ташкил кунанд."

Сайёфи Мизроб: Акнун навбат ба арабшавии тоҷикон расид....

архе аз тоҷикон қаблан фарҳанги русиро болотар аз форсӣ мегузоштанд ва акнун гурӯҳе дигар ба забони арабӣ авлавият медиҳанд ва "миллати худро пойинтар аз миллатҳои дигар мезананд."

"Дашноме қабеҳтар аз ин чист, агар гӯянд, ки Рустаму Суҳроб исмҳои кофару маҷусӣ аст ва мо хомӯшона номҳои фарзандони худро иваз кунем?"

Дориюши Раҷабиён: Хотироти сард дар баробари зиндагию марг бехудаву пучанд...

Хабари даргузашти Пайванди Гулмуродзода, устоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, таконам доду дар андӯҳ нишонд. Рафтани ӯро зоеъае гарон бар пайкари фарҳанги Тоҷикистон медонам. Улашбой Гулмуродов, ки бо номи бомусаммои Пайванд шинохта мешуд, аз маъдуди пайвандҳое буд, ки миёни ҷавомеъи донишгоҳии Тоҷикистону Узбакистон боқӣ мондаанд. Мову ӯ шояд бедуруду падруде аз канори ҳам рад мешудем ва хотираи ронда шуданам аз Донишгоҳ дар зеҳни ҳар думон зиёдӣ зинда буд. Аммо зиндагию марг бори дигар пучию беҳудагию бедавомии он навъ хотиротро барҷаста кард. Русуби он хотирот сирфан ёде аз як инсони фарҳехта ва устоди бисёре аз рӯзноманигорони имрӯзии Тоҷикистон аст, ки ъумре бас кӯтоҳ дошт, аммо нақше ъамиқ аз худ ба ёдгор гузошт. Равонаш шод боду роҳаш пурроҳрав.

Дӯстмуҳаммад Нуралӣ: Устод Темуриён бунёдгузори аслии Анҷумани тоҷикони Канада

"Воқеан бори аввал дар таърихи Конодо бо ибтикори устод Равшан Темуриён ва тоҷикони ахли фарҳанг ин Анҷуман арзи зуҳур кард ва чандин сол аст, ки дар сарзамини Канада фаъол мебошад. Ба шарофати ишон ин Анҷуман расман аз ҷониби ҳукумати Конодо эътироф шуд. Хидмату заҳмати қобили қадри устод Равшан Темуриёнро ба дидаи қадр нигариста, аз ишон изҳори сипос ва қадрдонй менамоем. "

 The Bukharian Times | New York, USA

Намоишгохи Точикистон дар Созмони Миллали Муттахид

Ахиран дар макари Созмони Миллалии Муттахид вокеъ дар шахри Нйу Йорк намоиши наккошй ва аксхо тахти унвони "Точикистон: кишвари кухистон - сарчашмаи об" барпо гардид. Намоишгохи мазкур бо ташаббуси намояндагии чумхурии Точикистон дар СММ ва Барномаи рушди Созмони Миллали Муттахид (UNDP) доир гашт. 

Гузоришгари The Bukharian Times аз кароргохи СММ иттилоъ дод, ки дар маросими гушоиши намоишгох намояндагони ахли мухочирати ИМА ва Канада, дипломатхои хоричй ва Точикистони мукими Америка ва донишчуёни точик хузур доштанд. Миёни издихоми мизбонон ва мехмонони маъракаи точикон симохои барчастаи байнамиллалй, аз кабили, муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттахид Вичай Намбияр (Vijay Nambiar)  ва як зумра кормандони олирутбаи СММ ба чашм хурданд. Сафири Точикистон дар СММ Сирочиддин Аслов, ки ба забони англисй рохат харф мезад, дипломатхо ва мехмононро хайра макдам мегуфт. 

Идомаи матлаб >>>

فراموش کردن فارسی ممکن نيست

هنوز خيلی جوان بودم ولی به خاطر علايقم، بسياری از ايران شناسان را از روسی تا آمريکايی 

ديده بودم، با آنها هم صحبت و هم سفر شده بودم، مصاحبه کرده بودم، اما پس از ديدن غفورف دانستم که در بين ايران شناسان مردی به دانش و پختگی او نديده ام، شايد هم در تمام عمر مردی به قامت او در فضل و دانش کمتر ديده باشم

سيروس علی نژاد

 

Ravshan Temourian | Paris-Metz-Montreal

Hoshang's training in FC Metz, France

 بازگشت پرثمر هوشنگ از فرانسه 

هوشنگ ششمین سفر آموزندگی و کسب تجربوی ورزش عالم گیر فوتبال را در یکی از بهترین کلوپ های فوتبال فرانسه به پایان رساند . این بار او برای انجام تمرین های عملی یکنیم ماهه  ( از ۱۴ مارچ – اخیر ماه اپریل ) به کلوپ فوتبال میتز فرانسه رفت  F.C. Metz  که از جمله بهترین کلوپ های تربیه و پرورش فوتبالیست های حرفوی جهان است ، در زیر نظر و تربیه مربیان ورزیده و ماهر توأم با تیم فوتبال بازان حرفوی مؤفقانه به انجام رسانیده به ایالت کبک کانادا برای ادامه تحصیلات عالی اش بر گشت . به قول او سفر این بار او بهترین و پر ثمر تر از سفر های گذشته اش بوده اندوخته های پرباری را از مربیان و جریان کار عملی و مسابقات از دوستان تیم شامل کلوپ و دیگران بدست آورده که بدون شک برای آینده بازی فوتبال آن بسیار مؤثر و مفید اند . او درین سفر با مربیان و بازیگران فوتبال ماهر و حرفوی آشنا شده دوستان زیادی را حاصل نموده است . وقتی نظرش را در مورد بر نامه های آینده تحصیلی و فوتبال آن جویا شدیم و همچنان اینکه  آیا در صورت تقاضای تیم های ملی افغانستان و یا تاجیکستان شما حاضر به انجام فوتبال به این تیم ها میشوید ؟

ادامه

Ravshan Temourian | Montreal, Canada 

Richard Nelson Frye: A Truly Friend of Tajiks 
(1920-2014)

Richard Nelson Frye (born January 10, 1920) is an American scholar of Iranian, Tajik and Central Asian Studies, and Aga Khan Professor Emeritus of Iranian Studies at Harvard University. His professional areas of interest are Iranian (Tajik) philology, and the history of Iran (Tajik) and Central Asia before 1000 CE.
This picture taken by myself at Concordia University during an opening ceremony of the section of Iranian studies of Concordia University ин тҳе ӣеар оф 2009.

Профессор Ричард Нелсон Фрай (торихи таваллуд 10-уми январи соли 1920) олими забардасти Иёлоти Муттахидаи Америка дар риштаи пажухиши Эрон, Точикистон ва Осиёи Миёна, профессори пажухиши эронй ва Аморати Ага Хон дар Донишгохи Харварди ИМА. Сохаи пажухиши професссор Фрай филология ва таърихи Эрон ва Осиёи Миёна дар даврони кадим.

Акси мазкур аз тарафи банда дар маросими гушоиши бахши пажухиши эронй дар Донишгохи Конкордияи Канада дар соли 2009 гирифта шудааст.

With my Great Ostad (Master), Prof. Richard Frye. He told us about his wish to be buried next to the Zayandeh River in Isfahan, Iran.This request was approved by Iranian president Mahmoud Ahmadinejad in September 2007.

Бо устоди бузургвор профессор Ричард Фрай дар Донишгохи Конкордияи Канада. Устод Фрай ба мо гуфтанд, ки орзуи ягонаи ишон ин аст, ки баъди фавташон часадашонро дар лаби Зояндаруди Исфахони Эрон ба хок биспоранд. Ин хохиши профессор Ричард Фрай аз тарафи президенти Эрон Махмуди Ахмадинажод дар мохи сентябри соли 2007 пазируфта шуд.

Дар ҳамон маҷлиси донишгоҳи Конкордияи Канада устод Фрай ҳудуди яку ним соат сӯҳбате доштанд аз боби таърихи Эронзамин. Дар толори боҳашаммати синамои донишгоҳ донишмандони ховаршинос, донишҷӯёни канадаӣ, арабҳо ва эрониҳо ҷамъ омада буданд.
Дар васати суханронӣ устод Ричард Фрай дар бораи нақши таърихии мардми тоҷик алоҳида ҳарф заданд, ки ҳозиринро тақрибан шок кард. Устод Фрай хитоб карда гуфтанд: " Исломро ба дараҷаю манзалати олӣ маҳз тоҷикон оварда расонданд!"

Ҳозирини арабтабор ва эронӣ ба ҳамдигар бо аломати шубҳаомез дида дӯхтанд. Аммо устод Ричард Фрай бори дигар ба толор нигариста баландтар хитоб карданд: " Бале, тоҷикон исломро ба дараҷаи олӣ бардоштанд! Инро бояд донед!"

Ман ва тарафдорони тоҷику канадаиам аз ҷойҳоямон баланд шуда, кафкӯбиро сар додем. Баъд ҳозирини эронӣ ва араб низ дар толор бо кафкӯбӣ аз ҷояшон баланд шуданд….  

Рӯҳатон шод бод, устоди човидонй!

                                                                                        

Туву ин миллат хеле дустдоштанист..

(Дуруд ба олими фарзона Акбари Турсон дар рузи чашни 70 солагй)


Устоди бузургвор!

Ту ба кайхоншиносй гута задй, то рухи фаласафаи кайхоншиносии файласуфони кадим Ибни Синову Ал-Форобй ва дигаронро ба инсоният муаррифй намой, то ба мабдаи хакикати миллатат бирасй.

Кушиш намудй ба табиати казияи «точикию сустй» аз зовияи фалсафй ва таърихй бингарй.

Ту чун Бедил дар атрофи табиату сиришти кавмхои хамсоя аз диди илму табииёт ва фалсафии замонхо андешахо рондй.

Ту барои миллатат чароги рушнойи хастй.

Аз Ту буи чуи Мулиён меояд.

Аз Ту буи Абуалй Сино, Абурайхони Берунй, Умари Хайёму Чалолиддини Румй меояд.

Хулосаи фалсафии абармардони миллат: «илму акл ба чомеаи адл» мусоидат мекунадро таквият бахшидй.

Дарк накардан ва нодида гирифтанхои сарзанишу хушдори Чалолиддини Румй «нармиву точикй» ин кавмро ба як мархилаи хатарафзо расондааст.

Эйнштейн барои инсоният неруи хастайиро такдим намуд, Ту неруи хастии инсонии миллататро аз каъри курун бозтоб кардй. Ту манзалати миллататро дар фазои бекарони кайхон муайян кардй.

Идомаи матлаб>>>

The New Year Party of Tajikistanis of Canada 

Базми солинавии тоҷикистониёни Канада 

(Паёме дар ҳошияи ҷашни Соли Нав)

Ҳамватанони азиз, тоҷикон ва тоҷикистониёни муқими Канада!

Нуфуси ҷамъияти тоҷикистониён сол то сол дар сарзамини Канада рӯ ба афзоиш аст. Ду сол мешавад, ки фарзандони тоҷикистонӣ, ки ба иялоти Онтариои Канада муҳоҷират кардаанд, нишасту дидорҳо барпо мекунанд. Бо ташаббуси як гурӯҳи ҷавонони барӯманди тоҷикистонӣ таҳти раҳбарии Салимҷон Паллаев фаъолияти созмони "Тоҷикистониён" дар Канада тадриҷан шакл мегирад. Ҳамватанони мо ҷашнҳои милливу оммавии сарзамини азизамон Тоҷикистонро кӯшиш доранд ҳама каса якҷоя таҷлил намоянд. Ҷашни хотирангези тоҷикон Наврӯзи оламафрӯз дар Торонто ва ҳамчунин дар Монреал, ки мутаносибан бо ибтикори созмони "Тоҷикистониён"-и Канада ва Ҷамъияти тоҷикони Канада таҳия шуда буд, аз хотираи касе зудуда нашудааст. 

Дар арафаи Соли Нави 2014 дастандаркорони созмони канадаии "Тоҷикистониён" дар толори муҷалали Thorncliffe Banquet Hall-и шаҳри азими Торонто бо иштироки васеъи хонаводаҳои тоҷикистониён ва меҳмонон аз Афғонистону Ирон базми хотирмони солинавиро ба роҳ монданд.

Раҳбарону фаъолони ҷавони созмони канадаии "Тоҷикистониён" Салимҷон Паллаев, бародарон Ифтихор ва Олимшоҳ Ватаншоевҳо, Отамбек Отамов, Манижа Худогулова, Диловар Мӯсоев, Додихудоева ва чандин ҷавони нозанини миллати бофарҳангу боҳуввияти тоҷикии муқими Торонтои иялоти Онтарио дар ин сарзамини бечорапарвару тоҷикпарвари зебо ва хонаи ҳамаи мо - Канада қалбҳои мо - тоҷикону тоҷикистониёнро ба Канада гармтар ва нармтар мекунанд. Созмони "Тоҷикистониён"-и Канада тадриҷан фаъол шуда, замони тамосу ҳамкориҳо бо ҳукуматҳои иялоти Онтарио ва федеролии Канада муроҷиат намудан муҳайё мешавад. Дар базми солинавии 2014 аъзои "Тоҷикистониён’ дар бораи ин марҳилаи муҳим дар ҳаёти сермиллатаи Канадаи нозанин ҳарф мезаданд. Худи ин нишасти зебои аз ватани бобоии мо, Тоҷикистони азиз баёдмонда, фоли некест дар роҳи дуру дарози таърихи кишвари азизамон - Канадаи нотакрор ва пайвасти намояндагони "Тоҷикистониён" ба ниҳодҳои давлати меҳрубонамон Канадаи инсондӯст. Он рӯзи таърихӣ наздик аст. Тавре тоҷикони асил мегӯянд, худо хоҳад, ба муроду мақсад мерасед. Ба умеди он рӯзҳои нек!

Соли Наватон муборак!

Бо эҳтиром,

Равшан Темуриён,

Бунёдгузори Ҷамъияти тоҷикони Канада 

Лутфан, барои хондани дигар хабархо ба БОЙГОНИИ НАВИДХО ворид шавед.

 ТАВАҶҶӮҲ!!!

Ҳамаи ҳуқуқи муаллифон маҳфуз гаштаанд. 

Истифода аз маводи сомонаи мазкур ҲАТМАН бо такя ба сомона ва иҷозати

Ҷомеаи Тоҷикони Канада бояд сурат гирад. 

tajikscanada@yahoo.com 

Copyright © 2008 - 09

Make a free website with Yola