Ҷомеаи тоҷикони Канада

Ҷомеаи тоҷикони Канада созмони фарҳангист. Мақсади анҷумани мо дар миёни фарҳанги бисёрмиллати Конодо ҷои сазовор додани фарҳанги волои тоҷикон буда, дар баробари ин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллии тоҷикон мебошад. Ҷомеаи мо сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Вақте ки ин сомона арзи вуҷуд намуда буд, он расман бо номи Анҷумани тоҷикони Канада рӯ ба фаъолият сар карда буд. Он вақт мо кӯшиш кардем, ки тоҷиктаборони Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбакистонро муттаҳид созем. Аммо баъзе аз дӯстони ғайритоҷикистонии мо афкори мухталиф дар ин бобат ва ҳатто иддае аз вожаи "тоҷик" доштани номи анҷуман дар миёни созмонҳои афғонӣ дар ҳолати номуайянӣ қарор гирифта буданд. Аммо ба ин гурӯҳ нигоҳ накарда, тӯли ин солҳо анҷумани тоҷикон дар миёни анҷуманҳои миллию фарҳангии Канада эътироф шуд ва мавқеъи хоси худро пайдо кард. Аз моҳи марти соли 2014 сомонаи ҷомеаи тоҷикони Канада фақат марбут ба ҷамъияти тоҷикистонии Канада ва чанде дӯстони тоҷику форсизабонони Ӯзбакистон, Афғонистон, Русия, Исроил ва дигар кишварҳост, ки дар қаламрави Канада зиндагӣ мекунанд ва розӣ ҳастанд таҳти парчами Тоҷикистон ва Канада бо мо якҷо бошанд. Ҷомеаи тоҷикони Канада аслан инъикосдиҳандаи рӯҳу афкори тарафдоронаш: тоҷиктаборон ва тоҷикистониёни муқими Канада буда, бо ягон ниҳоде дар Тоҷикистон ё дигар кишваре тобеъ ва ё пойбанд нест. 

Сомонаи ҷомеаи тоҷикони Канада ба озодии сухан арҷ мегузорад ва ҳама гуна афкори солимро ба нашр медиҳад. 

Мамнун аз ҳамкориҳоятон бо ҷомеаи тоҷикони Канада, аввалин ташкилоти тоҷиктаборони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар қаламрави давлати Канада.

Бо эҳтиром, 

Бунёдгузор ва раҳбари ҷомеаи тоҷикони Канада,

Равшан Темуриён

 ТАЪРИХИ МУҲОЧИРАТИ ТОҶИКОН БА КАНАДА

Бино ба маълумоти манобеъи Канада, мавҷи аввали аҳли муҳоҷирати тоҷик ба Канада дар солҳои 70-уми садаи гузашта дар замони ҷанги сард рост меояд. Дар он замон аввалин хонаводаҳои тоҷику тоҷикистонӣ аз режими сахти Иттиҳоди Шӯравӣ фирор намуда, дар Канадаи демократӣ паноҳ бурданд. Зимнан бояд зикр кард, ки нуфуси аҳли муҳоҷирати он замон хеле кам буда, миёни онон намояндагони ҷомеаи тоҷикистонӣ - тоҷикон, яҳудиёни бухороӣ ва русзабонони Тоҷикистон низ буданд.

Мавҷи дуюми ҳиҷрати тоҷикон дар солҳои 80-уми қарни гузашта, дар давраи таҷовузи нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон ва бозсозиву ошкорбаёнии горбачёвӣ ба вуқӯъ пайваст. Тоҷикон, махсусан, тоҷикони Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба сӯи қаламрави Канада ҳаракат намуданд.

Мавҷи сеюми ҳиҷрати тоҷикон дар солҳои 90-ум бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оташ гирифтани ҷанги шаҳвандӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳамчунин баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Афғонистон (1996) ва қувват гирифтани сиёсати хасмонаи зиддитоҷикии ҷумбиши Толибон муҳоҷирати оммавии тоҷикони Афғонистон ба Канада ташдид пайдо намуд.

Анбӯҳи чаҳоруми муҳоҷирони тоҷик дар авоили асри XXI ба сарзамини Канада роҳ пеш гирифт. Миёни ин мавҷи муҳоҷирон асосан тоҷикон аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон, Исроил ва Русия ба Канада ворид шуда, онро макони зисти доимии хеш интихоб карданд.

Мутобиқи эҳсоияи гуногун, аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 8 миллион нафар, тоҷикони Афғонистон (Хуросони бостонӣ) 10 миллион, тоҷикони Ӯзбакистон 10 миллион, яҳудиёни бухороӣ дар Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка беш аз 400 ҳазор  тахмин зада мешавад.

Тоҷикон дар минтақаҳои Куинс ва Бруклини Нйу Йорки ИМА ва Форест Ҳилли Торонтои Канада ба таври дастаҷамъӣ зиндагӣ мекунанд.

Аз рӯи мушоҳида ва пажӯҳиши ҷомеашиносӣ ҷамъияти тоҷикони Канадаро шартан метавон ба чор шоха тақсим кард:

1. Шохаи тоҷикистонии ҷомеаи тоҷикони Канада;

 2. Шохаи тоҷики афғонистонӣ;

 3. Тоҷикони ӯзбакистонӣ ва яҳудиёни бухороӣ;

 4.Тоҷикон ва тоҷикзабонони Исроил ва Русия.

Тибқи манобеъи мухталиф, нуфуси тоҷикони Канада то имрӯз тахминан 5000 нафар аст. Аз ҷумла, дар вилояти Квебеки Канада беш 500 хонаводаи тоҷик аз Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбакистон, Русия, Исроил ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Аксарияти ин хонаводаҳо, беш аз 250 оила дар шаҳри Монреал ва атрофи он муқим шудаанд. Зиёда аз 30 хонаводаи тоҷик дар шаҳрҳои Квебек, Шербрук ва Гранби иқомат ихтиёр кардаанд. Тибқи омори ахир нуфуси фақат тоҷикон ва тоҷикистониён дар шаҳри Монтреал ва атрофи он беш аз 200 нафарро ташкил медиҳанд.  

Ҳудуди 500 хонаводаи тоҷик дар шаҳри Торонто иқомат доранд. Минҷумла, беш аз 300 хонаводаи яҳудиёни тоҷик дар ноҳияи Форест Ҳилли Торонто буду бош доранд. Дар шаҳрҳои ғарбии Эдмонтон, Калгари ва Ванкувер беш аз 200 хонаводаи тоҷик зиндагӣ менамоянд.


Copyright © 2008 - 09 Ҳамаи ҳуқуқҳои муаллиф маҳфуз гаштаанд.

Истифода аз маводи сомонаи мазкур ҳатман бо иҷозати

ŽҶомеаи Тоҷикони Канада бояд сурат гирад.   

Нишони расмии Ћомеаи тоЌикони Канада
Нишони расмии Ҷомеаи тоҷикони Канада
-----------------------------------------------------------

Ҷомеаи тоҷикони Канада

Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер ва Бунёдгузор ва раҳбари Ҷомеаи тоҷики Канада, рӯзноманигор ва сиёсатшинос Равшан Темуриён

Акс аз  Ҷейсон Раэнсоум, суратгири шахсии Сарвазири Канада
-----------------------------------------------------------

 Мӯҳтарам ҷаноби Муҳаммад Юнуси Қонунй, раиси парламони Афғонистон ва Равшан Темуриён, раҳбари Чомеаи точики Канада, сиёсатшинос ва устоди донишгохи Монтреал.

Акс аз октябри с. 2010

--------------------------------------------

Ходими намоёни фарҳанг ва сиёсати Тоҷикистон Давлат Худоназаров дар меҳмонии ҷамъе аз тоҷикони Канада дар шаҳри Монреал
-----------------------------------------------------------

«Наврӯз муборак! Шогуни баҳор муборак!»
-----------------------------------------------------------

Хоҳарону модарони тоҷик дар маҳфили Наврӯзӣ
-----------------------------------------------------------

Make a free website with Yola